Саволҳои бештар додашаванда
Оид ба ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон
Муроҷиатҳо дар давоми сӣ рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
Муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон.
Дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин бинобар зарурати талаб карда гирифтани маълумотҳои иловагӣ, роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рўз дароз намуда, дар ин хусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рўз хабар диҳад.
Дар сурати риоя нашудани тартибу муҳлати баррасии муроҷиат, Шумо метавонад ба мақомоти болои ва ё прокуратура муроҷиат намуда, дар ҳолати муайян гардидани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нисбати шахсони мансабдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Шахс метавонад нисбат ба натиҷаи баррасии муроҷиат ё аз амал (беамалӣ)-и шахсони баррасикунандаи муроҷиат ба мақомоти болоӣ ва (ё) суд шикоят намоед.
Оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ
Шумо метавонед аз ҳуқуқшиносони давлатии маҳалли истиқомат ва ё адвокатҳои дар он ҳудуд фаъолияткунанда ёрии ҳуқуқии ройгон гиред.
Маълумот ҷиҳати гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон.
Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 10/2.
Тел: (+992 372) 34-85-95,
Почтаи электронӣ: info@advokatura.tj,
Сомона: www.advokatura.tj
Маркази ёрии ҳуқуқӣ:
ш.Душанбе, кӯчаи С.Айни 127.
Суроғаи почтаи электронӣ: info@salac.tj
Телефон барои тамос: 225 16 77
Маълумот ҷиҳати гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон.
Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 10/2.
Тел: (+992 372) 34-85-95,
Почтаи электронӣ: info@advokatura.tj,
Сомона: www.advokatura.tj
Маркази ёрии ҳуқуқӣ:
ш.Душанбе, кӯчаи С.Айни 127.
Суроғаи почтаи электронӣ: info@salac.tj
Телефон барои тамос: 225 16 77
Ҳуқуқҳои маданӣ
Саравал ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли сохтмон муроҷиат намудан зарур аст. Дар сурати рад кардани эътирофи соҳибмулки ба манзилҳои истиқоматии худсарона сохташуда аз тарафи мақомоти иҷроия, ба суд муроҷиат намудан мумкин аст.
Дар сурати вафоти шахсе, ки сохтмони худсаронаро анҷом додааст, бо талаби меросгирони ӯ ҳуқуқи моликияти шахси вафоткарда аз ҷониби суд ба сохтмон эътироф шуда метавонад.
Ҳуқуқҳои манзилӣ
Дар ҳолате, ки келин бо фарзандонаш бо ҳамроҳии молик, яъне хусур ва шавҳараш ҳамчун як оила, бо пешбурди хоҷагии умумӣ дар манзили истиқоматӣ доими истиқомат мекунанд, ҳуқуқи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматиро пайдо менамояд.
Дар баробари соҳибмулк манзили истиқоматиро истифода баранд, фарзандони ноболиғи худро дар қисми манзили истиқоматии барояшон ҷудонамуда маскун намоянд, бо розигии молики истиқоматӣ аъзои дигари оилаи худро маскун намоянд.
Зимни аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан муҳлат муқаррар намешавад.
Аризаи даъвогӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии (суди ноҳия ва ё шаҳр) манзили соҳибмулк пешниҳод мешавад.
Ҳуқуқҳои меҳнатӣ
Барқарор намудан ба ҷои кори пештара бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад. Аз ин рӯ, шахс метавонад бо аризаи даъвогӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии корфармо ва ё суди маҳалли истиқомати худ муроҷиат намояд.
Аризаи даъвогӣ ба суд оид ба барқарор кардан ба кор дар муҳлати як моҳ аз рӯзи ба корманд супоридани нусхаи санади корфармо (фармон, фармоиш, қарор, амр) дар бораи қатъ карда шудани шартномаи меҳнатӣ, ё рӯзе, ки корманд аз гирифтани он саркашӣ намудааст, пешниҳод карда мешавад.
Ҳуқуқҳои оилавӣ
Дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағирёбанда дошта бошад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё дар шакли ҳисса муайян намояд.
Оид ба бекор кардани ақди никоҳ, дар ҳолати рози набудани яке аз ҳамсарон ва ё доштани кӯдакони ноболиғ, бо аризаи даъвогӣ ба суди маҳалли истиқоматӣ ҷавобгар (зан ва ё шавҳар) муроҷиат карда мешавад.
Дар сурате, ки зан кӯдаки хурдсол дошта бошад, метавонад ба суди маҳалли истиқоматӣ худ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд.
Дар сурате, ки зан кӯдаки хурдсол дошта бошад, метавонад ба суди маҳалли истиқоматӣ худ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд.
Ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд.
Молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. Аз ин бармеояд, ки чӣ молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳи қонунӣ ба даст овардаанд, яъне харидорӣ намудаанд ё сохтмонро дар асоси иҷозат ва ҳуҷҷатҳои дахлдор сохта, ба истифода додаанд, моликияти муштараки ҳамсарон ба шумор меравад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс оид ба тақсими амволи муштарак, ҳар яке аз ҷонибҳо метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, тақсими онро талаб намояд.
Ҳуқуқҳои меросӣ
Дар сурати гузаронидани муҳлати қабули мерос, шахси манфиатдор метавонад ба суд бо ариза оид ба барқарор намудани муҳлати қабули мерос ва қабулшуда эътироф намудани мерос муроҷиат намояд.