Маркази захираҳои ҳуқуқӣ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки бо дастгирии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди
байналмиллалӣ (USAID) дар доираи фаъолияти дастгирии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби
Филиали Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико Барномаи волоияти қонун дар
Тоҷикистон (АБА РОЛИ) дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии ҳуқуқи
ғайритиҷоратӣ (ICNL) амалӣ мегардад, таъсис дода шудааст, ба ташкилотҳои
ҷамъиятии дар ин фаъолият иштироккунанда ва шаҳрвандони категорияҳои зерин
маслиҳати ҳуқуқии ройгон медиҳад:

  • Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо;
  • Заноне, ки қурбонии хушунати хонаводагӣ шудаанд;
  • Заноне, ки қурбонии хариду фурӯши одам шудаанд;
  • Занон оид ба масъалаҳои ситонидани алимент;
  • Шахсони дорои маъюбият.

Дастгирии ҳуқуқӣ тавассути платформаи махсус таҳияшудаи онлайн пешниҳод
карда мешавад. Марказ гирандагони асосиро даъват менамояд, ки ба ёрии ҳуқуқӣ
муроҷиат намоед ва дар яке аз шаклҳои барои Шумо қулай маслиҳат гиред:

  • Машваратҳои онлайн: Шумо метавонед ба платформа тавассути
    сомонаи Иттифоқи адвокатҳо http://advokatura.tj/ ва ё бевосита ба
    пайванди платформа http://www.lrc.tj/ ворид шавед. Шакли оддии
    бақайдгириро пур карда, Шумо ба саҳифаи шахсӣ дастрасӣ пайдо
    мекунед ва метавонед дарҳол саволи худро баён намоед.
  • Машваратҳои телефонӣ: Шумо метавонед бо машваратчиён
    тавассути телефонҳои 93 404 03 75 Оқилов Фозил Олимович ва
    93 515 9111 Маҳсидинов Хуршед Сайфиддинович, дар тамос
    шавед.
  • Машваратҳои шахсӣ: Шумо метавонед бо машваратчиён оид ба
    гузаронидани вохӯрии шахсӣ дар бинои Марказ, воқеъ дар бинои
    маъмурии Иттифоқи адвокатҳо, ш.Душанбе суроғаи: Н.Қарабоев
    65, ба мувофиқа расед.

Иттифоқи адвокатҳо аз ҳамаи гирандагони ёрии ҳуқуқӣ хоҳиш менамояд, ки аз
хизматрасониҳои Маркази захираҳои ҳуқуқӣ истифода баранд ва бо камоли майл
ба саволҳои Шумо посух хоҳем дод.
Дастурамал оид ба истифодабарии платформа дар видеои мазкур ба Шумо пешниҳод мегардад.